8 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Урайнан мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот натиҷаҳои сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19-20 майи соли равон баргузор шуда буд, баррасӣ шуданд.