РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз!

Пеш аз ҳама, мехостам ба мардуми соҳибмаърифати шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям.

Мо дар ҷараёни сафари корӣ имрӯз хуб мушоҳида кардем, ки сокинони ватандӯсти Панҷакенти бостонӣ, аз ҷумла соҳибкорон бо ҳисси баланди миллӣ ва дар шароити орому осудаи мамлакат ба хотири ободу зебо гардонидани диёри худ хеле заҳмат кашидаанд ва саъйу талоши зиёд кардаанд.

Шаҳри Панҷакент аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои тоҷикон буда, ҳам аз лиҳози масоҳат ва ҳам бо шумораи аҳолӣ яке аз калонтарин шаҳрҳои кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо Панҷакент дар масири Роҳи бузурги абрешим мақоми намоён дошта, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардумони сарзаминҳои ҳамҷавор саҳми бисёр арзишманд гузоштааст.

Шаҳри бостонии Саразм, ки бо таърихи зиёда аз 5500-сола маркази тамаддуни шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, дар ҳудуди ин диёр ҷойгир шудааст.

Панҷакент, ҳамчунин, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, султони шеъри Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва садҳо шоирону донишмандони номдор ба монанди Лоиқ Шералӣ мебошад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои ватандӯстонаи сокинон ва ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ симои шаҳри Панҷакент ҳоло куллан дигаргун шудааст.

Дар ҷараёни сафари кории имрӯзаи мо дар шаҳр даҳҳо иншооти навбунёди иҷтимоиву истеҳсолӣ ифтитоҳ гардиданд.

Аз ҷумла бинои беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсари деҳоти Лоиқ Шералӣ барои 120 кат ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ воқеъ дар деҳаи Боғчаи деҳоти Шинг барои як ҳазор хонанда ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Навободи деҳоти Лоиқ Шералӣ барои 300 кӯдак ба фаъолият оғоз намуд.

Дар доираи ин сафар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва пойафзол ба фаъолият оғоз карданд.

Инчунин, якчанд биноҳои маъмурӣ, меҳмонхона, хатҳои оби нӯшокиву полезӣ ва гармхонаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар иншооту корхонаҳои зикргардида барои сокинони шаҳр садҳо ҷойи кории нав фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба кулли мардуми шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати ватандӯстона дар бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва корҳои ободониву созандагӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ то 1-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 760 иншооту биноҳои таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёду азнавсозӣ гардидаанд, ки ин нишондиҳанда беш аз 77 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар миқёси вилояти Суғд ба ҳолати имрӯза беш аз 90 фоизро ташкил медиҳад ва бешбинӣ мегардад, ки нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ то охири сол, яъне пеш аз муҳлат иҷро мешавад.

Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 иншооти маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи шаҳри Панҷакент, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз 9,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳр 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Шумораи аҳолии шаҳри Панҷакент соли 1991-ум 162 ҳазор нафар буд ва ҳоло ба 335 ҳазор нафар расидааст, яъне ду баробар афзудааст.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 26 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ идома дорад.

Лоиҳаҳои зикршуда барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва таҳкими инфрасохтори роҳу нақлиёт равона гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар шаҳри Панҷакент аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 3,7 миллиард сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2024 ба 223 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 75 баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр беш аз 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти тандурустӣ, 81 иншооти маориф, 53 иншооти варзиш, 14 иншооти фарҳангу фароғат, 197 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 212 километр роҳ, 70 пул, 104 бинои истиқоматӣ ба масоҳати беш аз 570 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, ба истифода дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, ба Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва ҳарчи бештар пешниҳод намудани қарз барои соҳаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Солҳои охир соҳаи саноат дар шаҳри Панҷакент мунтазам рушд ёфта, дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Мехоҳам махсус хотиррасон намоям, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Панҷакент яке аз аввалинҳо шуда, аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 7,4 миллион сомонии соли 2000-ум ба 6,3 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, ки садҳо баробар зиёд мебошад.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 фоиз зиёд гардидааст.

Вале дар назар бояд дошт, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба вуҷуд омадааст.

Таъкид менамоям, ки тибқи талаботи ҳадафи саноатикунонии босуръат рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.

Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент конҳои тилло, нуқра, симоб, сурма, қалъагӣ, волфрам, флюорит, фосфорит, ангиштсанг ва санги мармар, дар маҷмӯъ, 328 кони маъдан мавҷуданд, ки барои рушди шаҳр аҳаммияти калони иқтисодӣ доранд.

Ҳоло дар шаҳр 52 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 7 корхона зиёд мебошад.

Калонтарин корхонаҳои шаҳри Панҷакент, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд, ба монанди Корхонаи муштараки «Зарафшон», корхонаҳои «Мармари Саразм», «Парандис», «Бротек Тоҷикистон», «Дарё – 2015», «Маҳсул», «Дион – Ангишти Тоҷикистон», «Сиёвуш» ва «Шероз» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Корхонаҳои зикршуда ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон, ангишт, хӯрокворӣ, либоси мактабӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ машғуланд.

Танҳо дар сохтори Корхонаи муштараки «Зарафшон» 6 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 2900 нафар корманд фаъолият доранд.

Соли 2023 дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои пешрафтатарин аввалин бор дар кишвар истеҳсоли миси металлӣ ба роҳ монда шуд, ки маҳсулоти ниҳоии аълосифати он ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст.

Хотирнишон месозам, ки имкониятҳои истифоданашудаи шаҳр дар самти рушди соҳаи саноат, махсусан, саноати коркард ниҳоят зиёданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи онҳо ташаббускорӣ ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент ва вазорату идораҳои соҳавӣ зарур мебошад.

Аз ҷумла таъсиси корхонаҳои коркарди ашёи хом, истеҳсоли хӯрокворӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ метавонад ба рушди иқтисоди шаҳр мусоидат намояд.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба рушди соҳаи саноат тавассути ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар ин раванд, ба масъалаҳои ташкил намудани маҷмааҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки дорои арзиши баланди иловашуда ва зиёд намудани содироти он бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи «Айнӣ – Рӯдакӣ» бо дарозии 95 километр ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бо иқтидори 220 киловолт дар маркази шаҳр ба маблағи умумии 280 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр ду неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии 1000 киловатт (дар деҳаҳои Артуч ва Панҷрӯд), 444 километр хатҳои интиқоли барқ, 425 нуқтаи трансформаторӣ ва 1 зеристгоҳи барқии 35-киловолта бунёд гардидааст.

Илова бар ин, дар шаҳри Панҷакент асосноккунии техникиву иқтисодии неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба анҷом расида, корбарӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди он идома дорад.

Ҳамчунин, бо мақсади ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, паст кардани талафот ва боз ҳам беҳтар намудани интиқоли неруи барқ лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи он дар муддати як сол беш аз 18 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ, ноқилҳои барқ ба дарозии 127 километр ва 25 трансформатор насб карда шуда, 5 зеристгоҳ бо иқтидори 250 – 400 киловолт бунёд мегардад.

Бинобар ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаро зарур аст, ки ҷиҳати суръатбахшии кор дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.

Хотирнишон менамоям, ки ба шарофати бунёди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ (хусусан, таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 770 миллион сомонӣ) ду мушкилии асосии сокинони шаҳри Панҷакент – норасоии неруи барқ ва мушкилоти рафту омад ба пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бартараф гардид.

Ҳозирини арҷманд!

Қобили зикр аст, ки дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта дар шаҳр истеҳсоли ғалладонагиҳо 5,5 баробар, картошка 32, сабзавот 20, мева 2 ва гӯшт 3 баробар зиёд гардидааст.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли 2025-ум 120 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Иқлими шаҳри Панҷакент барои рушди соҳаи боғпарварӣ бисёр мусоид мебошад.

Ҳоло дар шаҳр майдони боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 6 ҳазор гектарро ташкил карда, соли 2024 беш аз 10 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ гардидааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам кофӣ нестанд.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони 12,4 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад.

Аммо иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 55 фоизро ташкил додааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки сабабу омилҳои иҷро нашудани дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат гузориши дахлдор пешниҳод карда шавад.

Дар замони гузашта дар шаҳри Панҷакент асосан ба тамокупарварӣ машғул буданд, ки раванди истеҳсоли он ба саломатии мардум хеле зараровар буд.

Дар он давра дар майдони қариб 3 ҳазор гектар тамоку кишт гардида, наздики 8 ҳазор тонна ҳосил гирифта мешуд.

Ҳоло ба ҷойи тамоку дар ин заминҳо асосан картошка кишт карда мешавад.

Соли 2024 майдони кишти картошка 5,6 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳосили он ба 78 ҳазор тонна баробар гардидааст.

Вале ҳосилнокии картошка ҳамагӣ 139 сентнерро аз ҳар як гектар ташкил додааст, ки хеле паст мебошад.

Панҷакент минтақаи ҳосилхез буда, дар он барои кишту парвариши шолӣ, картошка, боғдорӣ ва навъҳои беҳтарини ба содирот нигаронидашудаи ангур, инчунин, занбӯриасалпарварӣ шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд мебошанд.

Зарур аст, ки бо истифодаи оқилонаи обу замин, инчунин, бо роҳи таъсиси корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот ҷиҳати бо маҳсулот таъмин кардани на фақат бозори дохилӣ, балки содирот тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳр дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии содирот ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои зиёд намудани шумораи гармхонаву сардхонаҳо чораҷӯйӣ намоянд.

Ташкил намудани маҷмааҳои саноативу аграрӣ, бунёди корхонаҳои коркарди муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ва афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулот аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода шудааст.

Ҳоло корҳои сохтмони боз 9 бинои муассисаи таълимӣ барои 3 ҳазор хонанда, 10 муассисаи томактабӣ ва 7 бинои иловагӣ барои 2 ҳазору 350 хонанда идома доранд.

Тайи се даҳсолаи охир 26 ҳазор нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент, аз ҷумла 576 нафар тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Ҳоло боз 4 ҳазору 475 нафар ҷавонон, аз ҷумла 79 нафар бо квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил доранд.

Дар муддати шаш соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шаҳри Панҷакент 10 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва 1 нафар соҳиби шоҳҷоиза гардидааст, ки боиси таҳсин мебошад, вале дар муқоиса бо шумораи аҳолӣ ҳоло ҳам кам аст.

Бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки роҳбарону масъулони шаҳр ва сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартараф намудани онҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Аз ҷумла дар шаҳре, ки 335 ҳазор аҳолӣ дорад, 20 муассисаи томактабӣ ва 69 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дошта, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 16 фоизро ташкил медиҳад, ки ин қонеъкунанда нест.

Инчунин, 4 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 10 муассиса таъмирталаб мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент мунтазам рушд карда, заминаи моддиву техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои тиббӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 116 миллион сомонӣ иншооти соҳаи тандурустии шаҳр бунёду таъмир карда шудааст.

Ҳамчунин, 28 нафар ҷавонони шаҳр тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро хатм кардаанд.

Ҳоло боз 537 нафар фарзандони шаҳри бостонии Панҷакент дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, дар шаҳр имрӯз 443 нафар табиб фаъолият дошта, 57 воҳиди кории табиб холӣ боқӣ мондааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати пурра кардани воҳидҳои холии табибон ва мутахассисони миёна, такмили инфрасохтори тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои фаврӣ андешад.

Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 150 навъи растаниҳои доруворӣ, 50 навъи растании асалдеҳ, 100 навъи растании ғизоӣ ва 120 растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудааст.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ, инчунин, бо ҷалби соҳибкорон барои бунёди корхонаҳои дорусозӣ ва истифодаи васеи растаниҳои шифобахш чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Шаҳри бостонии Панҷакент яке аз мавзеъҳои муҳим барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мавқеи ҷуғрофии он, ки дар масири сайёҳии Самарқанд – Душанбе ҷойгир мебошад, онро ба як макони ҷолиб барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил медиҳад.

Инчунин, имкони рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои сарҳадиро фароҳам месозад.

Шаҳри Панҷакент бо ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла шаҳри қадимаи Саразм, оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхонаи таърихӣ ва даҳҳо мавзеи пураҳаммияти дигар барои ҷалби сайёҳон имконияти бузург фароҳам меоварад.

Инчунин, табиати зебои Панҷакент, аз ҷумла мавзеи Ҳафткӯл ва кӯҳҳои Фон ба рушди сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки шумораи сайёҳоне, ки аз шаҳри Панҷакент дидан мекунанд, сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Агар дар соли 2021 ба шаҳр 9 ҳазору 100 нафар сайёҳ омада бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба беш аз 27 ҳазор нафар ва дар панҷ моҳи аввали соли 2025-ум ба 36 ҳазор нафар расидааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти имкониятҳои рушди соҳа ҳоло ҳам кофӣ нестанд.

Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳо, омода кардани роҳбаладон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ дар Панҷакент метавонад ба рушди иқтисоди маҳал, афзоиши ҷойҳои корӣ ва шинохти беҳтари фарҳангу таърихи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ба тақвияти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода кардани роҳбаладони касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва баланд бардоштани хизматрасониҳои сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Инчунин, барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна роҳбарону масъулин бояд ҷиҳати сохтмон ва таъмири роҳҳо, беҳтар намудани сифати алоқаи интернет ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои рақамӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Фаромӯш набояд кард, ки шаҳри Панҷакент бо захираҳои бойи таърихиву табиӣ, иқлиму мавқеи мусоид ва хусусан, мардуми заҳматқарини худ метавонад ба яке аз марказҳои муҳимми рушди иқтисоди Тоҷикистон мубаддал гардад.

Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ҳар як хоҷагии кишоварзӣ ва ҳар як оила бояд дар фикри зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва захираи маводи ғизоӣ бошад.

Инчунин, ба ободонии деҳоту маҳалҳои зист аз ҳар як хонаву кошона сар карда, бояд эътибори доимӣ дода шавад.

Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек ба кулли мардуми ватандӯсту заҳматқарини шаҳри бостонии Панҷакент барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед ҳамдиёрони азиз!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram