РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд

12 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман идома ёфт.

Коргоҳи мазкур дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат ҷойгир буда, дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи корӣ фароҳам сохт.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Имомиддин Ғафуров бунёд ёфтааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии Ёсуман асосан барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ ва ғайра омода месозад.

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ боиси хушҳолии занон ва ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Басманда гардид, ки то ин вақт дар хонаҳои худ ба чеварӣ машғул буданд.

Дар коргоҳ 10 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ насбу васл карда шудааст. Дар ин гӯшаи коргоҳ аз ин ба баъд занони қолинбофи ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, ин ҳунари қадимиро рушд хоҳанд дод.

Коргоҳ дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” бунёд ёфтааст.

Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ ба рушди ин ҳунарҳо ва бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад.

Ашёи хом барои қолинбофиро роҳбарияти коргоҳ аз хориҷи кишвар дастрас карда, маҳсулоти дар бозор рақобатпазир истеҳсол мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо коргоҳ, ба фаъолият оғоз кардани онро муҳим арзёбӣ карда, дастур доданд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати дӯхти сару либоси мактабӣ равона гардад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои созандаи сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ дар самти рушди саноат ва ҳунар дар деҳот баҳои баланд дода, ба онҳо барору комёбӣ хостанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram