РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Дар Риёз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ (Saudi Data & AI Authority — SDAIA) доктор Абдуллоҳ Шараф Ал-Ғомидӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва таҳаввулоти рақамӣ баррасӣ шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram