Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14-15 июли соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар тирамоҳи соли равонро ба таври муфассал муҳокима карда, инчунин дар бораи самтҳои авлавиятдори ҳамкории давлатҳои аъзо дар шароити нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ табодули назар анҷом доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи давлатро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай бо тавваҷуҳ ба мавзуъҳои таъмини амният ва субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва пешбурди амалии масъалаҳои такмил додани фаъолияти Созмон иброз намуд.
Аз натиҷаи ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Эъломияи Тянҷини Шурои сарони давлатҳо, Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035, дигар қарорҳо ва изҳороти муштараки сарони давлатҳоро барои корбарии минбаъда ба асос гирифтанд.
Дар доираи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои созмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфтанд.