РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор шуд

​15 июли соли 2025 дар шаҳри ДавҳаиДавлати Қатар, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Шарифзода ва вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад бин Султон Ал Мурайхӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дипломатии ду кишвар дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, заминаи мусоиде барои густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо фароҳам овардааст.

Баррасии роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаҳои инфрасохтор ва энергетика, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

Ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро низ муҳокима намуданд. Таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва об, инчунин, таҳкими ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳо буданд.

Машваратҳо дар фазои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба такони нав бахшиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram