РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Алмато ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷаласаи 90-уми ҷашнии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи фаъолияти обанборҳо дар ҳавзаи Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишт ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода иштирок намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram