27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломризо Амирхонӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои китобдорӣ, танзими давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва бойгонӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, табодули китобҳо ва дастхатҳои қадимӣ ибрози назар намуданд.