РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва корҳои созандагӣ шинос гардид

30 август Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шарҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва раванди созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ шинос гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо иштироки Сарвазири мамлакат дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  ба номи Эшмирзо Норматов ифтитоҳ гардид.

Корхона бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ бунёд шуда, метавонад дар як сол то 3000 тонна пахтаро коркард намояд. Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли пахта барои 30 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.

Дар деҳаи Ободдеҳи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳия сохтмони фермаи парандапарварӣ идома дорад. Қоҳир Расулзода бо сохтмони ферма шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ферма аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Юсуф Абдуғанизода барои 15 000 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ то имрӯз 80 фоизро ташкил медиҳанд.

Сарвазири Тоҷикистон инчунин дар деҳаи Суғдиёни ноҳияи Шаҳритус бо ҷамъоварии ҳосили пахта ва нашъунамои ҷуворимака шинос шуд.

Майдони умумии хоҷагӣ 9 гектар буда, дар 5,8 гектар пунбадона, дар 1 гектар ҷуворӣ барои дон, дар 0,10 гектар картошка ва дар 2,10 гектар дигар зироати кишоварзӣ кишт гардидааст.

Дар ноҳияи Шаҳритус созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ идома дорад. Дар деҳаи Гулзори ноҳия барои 120 кӯдак сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз гардидааст. Муассиса бо саҳми сокинони маҳал ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram