РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ иштирок кард

14 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9 сентябри соли раовн ба вуқуъ пайваст, инчунин вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар намуданд.

Зимни нишаст аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии Саммити изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ (15 сентябри соли 2025, Давҳа) мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram