РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 85 — солагии Ато Муҳаммадҷонов намоиш ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ва намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 85 — солагии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1981), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1993) Ато Муҳаммадҷонов таҳти унвони “Атои саҳна” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарманди Муассисаи давлатии театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ортиқ Қодир, Директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи «Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Бохтар Саидзода Отахон, киношинос Саноат Азизова, рассом-ороишгар, санъатшинос Манзура Улҷабоева, Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Сангинов ва ҳамсари ҳунарманд Ато Муҳаммадҷонов Савринисо Саидова роҷеъ ба фаъолияти пурбаракат, мероси ғанӣ ва корнамоиҳои беназири ҳунарманди нотакрори тоҷик Ато Муҳаммадҷонов суханронӣ намуда, ёди ӯро гиромӣ доштанд.

Ҳамзамон дар кори намоиш ҳунармандони театр ва синамо, олимону муҳаққиқон, пайвандон ва хешовандони Ато Муҳаммадҷонов ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва ҳам аз ҳисоби пайвандони ҳунарманд беш аз 110 адад нигораҳо, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов ва саҳми боризи ӯро дар рушди театру синамо нишон медиҳад.

Ҳунарпешаи театру синамои тоҷик Ато Муҳаммадҷонов 2 сентябри соли 1940 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1958 то 2002 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Ҳунару истеъдоди худододиаш дар муддати кутоҳ ӯро ба оламиён шиносонд. Беҳтарин нақшҳояш усто Мухтор аз филми ҳунарии «Духтари сеюм», Мирзо Абдулло аз «Марги судхӯр», амир аз «Ситораи дар тирашаб» Афросиёб аз «Достони Сиёвуш», Азизхон аз «Субҳи нахустини ҷавонӣ», Султонхоҷа аз «Асрори оила», падар аз «Падари моҳтобӣ», Имом-ал Бухорӣ аз филми бадеии «Имом-ал-Бухорӣ» ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд. Барои иҷрои нақши амир Насри Сомонӣ дар филми ҳунарии «Ҷавонии нобиға» соли 1984 сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардида буд. Дар миёни хунармандони тоҷику хориҷ ҳамчун нигини саҳнаи тоҷик шинохта шудааст. Шодравон ҳамчун ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик тамоми ҳаёти бобаракати худро сарфи хизмат ба халқу Ватан намудааст. Ӯ на танҳо барои театру кинои тоҷик, балки барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ хизмати шоиста намудаст. Заҳматҳои ин ҳунарманди нотакрори тоҷик бо унвони Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1981), нишони «Дӯстии халқҳо» (1981) ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» (1999) сарфароз гардонида шудааст.

Намоиши Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Атои саҳна” то 25.09.2025 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram