РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотию рақамӣ баррасӣ гардид

Дар ҳошияи Форуми БРИКС оид ба шарикӣ дар самти «интиқоли саноати ҷадид» Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Леченг мулоқоти расмӣ анҷом дода, таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотию рақамӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию рақамӣ, тақвияти барномаҳои омӯзиши кадрҳои баландихтисос ва амалисозии санадҳои ҳамкории дуҷонибаи баимзорасидаро баррасӣ намуданд.

Инчунин самтҳои муштараки академӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешсафи Чин, аз ҷумла Синхуа, Пекин, Нанчин, Шанхай Ҷиао Тонг, омода намудани барномаҳо, стипендияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва маркази додаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориро дар доираи платформаҳои БРИКС, Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ (ITU) ва саҳмгузорӣ ба ташаббусҳои рушди устувор изҳор намуданд.

Ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва ба роҳ мондани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram