Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оид ба гӯсфанди ҳисорӣ доир гардид.
Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд. Онҳо масъалаҳои соҳаи парвариши гӯсфандон дар Тоҷикистон ва Узбекистон, тағйирёбии вазни зиндаи наслҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва гӯсфандони ҳисорию қирғизӣ дар шароити ҷануби Қирғизистон ва дигар масоилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» гузаронида мешавад.