РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад

Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.

Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.

Инчунин баргузории рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуд буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram