Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери, ки аз Ҷумҳурии Италия ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, мулоқот намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасрҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфта, дар онҳо ансамблҳои рақсию овозӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Мардуми фарҳангдӯст ва ҳунармандони тоҷик ҳамеша ба ҳунари асил арҷ мегузоранд ва ҳунарро ҷузъи муҳими зиндагии маънавии худ медонанд.
Операсароёни итолиёвӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери изҳор доштанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон омада, аз меҳмоннавозии мардум, зебоии табиат, маконҳои таърихӣ ва махсусан аз шукӯҳи дарёи Сир таассуроти амиқ гирифтанд. Онҳо афзуданд, ки шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик барояшон сурур бахшид ва дар оянда барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Стефания Мурино ва Фабио Каррери бо мақсади иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба вилояти Суғд омада, дар барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва итолиёвӣ ҳунарнамоӣ намуданд.