29 октябри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши илмӣ Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон ва сардорони раёсатҳои марказ, инчунин намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, Кумитаи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки мавзуи имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи рушди ҷомеаи муосири тоҷик мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи зеҳнии ҷомеа пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, таҳлили Паёмҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки роҳбари давлат ба рушди илм, татбиқи технологияҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҳамчунин директори Марказ зикр кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дастуру супоришҳои зикршуда дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста таҳлил намуда, муайян созад, ки то кадом сатҳ онҳо дар амал татбиқ мегарданд. Дар сурати мавҷуд будани мушкилоту душвориҳо, Марказ натиҷаҳои таҳлилро дар шакли гузориши таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, то барои беҳтар намудани амалисозии супоришҳо тадбирҳои муасир андешида шаванд.
Сипас Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Инъикоси масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат» баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санадҳои муҳими сиёсӣ самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамоянд. Дар онҳо дастовардҳо ҷамъбаст шуда, ҳадафҳои нав барои рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илм ва маориф, мушаххас мегарданд.
Абдураҳмон Қурбонов таъкид кард, ки масъалаи кадрҳои илмӣ ва рушди заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ дар аксари Паёмҳои Пешвои миллат инъикос меёбад. Дар панҷ Паёми охир Сарвари давлат махсус ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои амалӣ гардидани дастурҳо нақшаҳои мушаххаси давлатӣ таҳия гардидаанд. Ин иқдомҳо ба таҳкими заминаҳои устувори рушди илм ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунанд.
Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Моҳияти иҷтимоию иқтисодии тарбияи кадрҳои илмӣ дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлол ва низоми аттестатсияи кормандони илмӣ-техникии тахассуси олӣ», «Раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон», «Тамоюл ва таҳаввули тарбияи кадрҳои илмӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ: мушкилот ва дурнамо» ва «Баъзе масъалаҳои истифодабарии истилоҳоти илмӣ-соҳавӣ» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маърифатро омили асосии давлатсозӣ арзёбӣ намуда, ҳамеша ба рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ, техникӣ ва инноватсионӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлолият — тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳаммияти ин масъала барои таъмин намудани муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ шароити заруриро фароҳам овардааст.
Дар натиҷа, иштирокчиён зарурати таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкории байни сохторҳои илмӣ ва таълимиро таъкид карданд.
Ҳамоиш бори дигар собит сохт, ки рушди илм, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва татбиқи сиёсати кадрии Пешвои миллат омили асосии пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 
			



