Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Олимзода Зоҳир, муовини директори Институти масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода, инчунин ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тақдирсоз маҳсуб меёбад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир иштирокчиёнро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, бо қабули қарорҳои таърихии худ роҳро ба сӯи сулҳ, ваҳдат ва истиқрори сохтори конститутсионӣ ҳамвор намуд. Ба таъкиди ӯ, интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ оғози марҳалаи нави давлатсозӣ ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон гардид.
Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзода оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва пешрафти ҷомеаи демократӣ маъруза намуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории худро таҳким бахшида, ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро бунёд созад.
Ҷаласа дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланд анҷом ёфт.
