РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, ҳамчунин, дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо дар роҳи пешрафти Қирғизистони дӯст орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандии худро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои муносибатҳои ду кишвар дар рӯҳияи ҳамсоягии нек таъкид доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram