16 декабр дар Теҳрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси навтаъйини Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Муҳаммад Ҳасан (намояндаи Ҷумҳурии Исломии Покистон) баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории фарҳангии мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
