РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд. Ин навбат туҳфаҳои Пешвои миллат ба 69 нафар кӯдакони Мактаб- интернати деҳаи Шаҳидони Ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон расонида шуданд.

Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз либосҳои зимистонаи мактабӣ ва шириниҳо иборат мебошанд, ки аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат ба кӯдакон тақдим гардиданд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин муассиса 69 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки 18 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шароити муассиса ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, кӯдакон бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram