РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид

Бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудааст, таҳия ва нашр гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» зиёда аз 60 ҳазор калимаро дар бар гирифта, дар он меъёрҳои таърихӣ пайгирӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳот ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасии васеи донишмандон қарор гирифта буд.

Тавре аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд, ҳар як калимаи дар фарҳанг дарҷшуда аз назари донишмандон, мутахассисони варзида, докторҳо ва номзадҳои илм гузаронида шудааст.

Ҳадафи нашри китоб истифодаи дурусти калимаю истилоҳот буда, ба доираи васеи хонандагон  пешниҳод карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram