Дар назар аст, ки соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон баргузор гарданд.
Тавре ба мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, масъалаи баргузории Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои дорусозии ду мамлакат, бақайдгирӣ, воридоти доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
