8-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо директори генералии «Бунёди деҳаи фарҳангии Катара» профессор Холид ибни Иброҳим Ал-Сулайтӣ мулоқот анҷом доданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо арзёбӣ намуда, ин иқдомро заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
