Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки баргузории озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, инчунин пайванди илм бо истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.
Иброз гардид, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2026 зери назорат ва сарпарастии Пешвои миллат баргузор шуда, ҷалби бештари хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD), кормандони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба фаъолияти илмӣ яке аз ҳадафҳои асосии он арзёбӣ мешавад.
Зимни ҷаласа тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2026 баррасӣ шуда, ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тартиби таҳияи саволномаҳо ва истифодаи низоми Маркази миллии тестӣ ҳамчун марҳилаи даври чорум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин доир ба раванди ташкиливу методии баргузории даврҳои озмун, таъмини шаффофият, баланд бардоштани сифати арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳайати ҳакамон табодули афкор доир шуд.
