РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида барои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram