РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивал бозиҳои миллии варзишии камонварӣ, тезхӯрак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо намоиш дода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллии варзишӣ — эҳё намудани бозиҳои қадимии тоҷикон ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram