РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон омад

Дар доираи тақвияти ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон имрӯз Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Аттабак ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо Сарвазири Тоҷикистон, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои саноат, маъдан ва тиҷорат баррасӣ намояд.

Инчунин дар назар аст, ки Сайид Муҳаммад Аттабак аз иншооти муҳими саноатии Тоҷикистон ва IT-паркҳо боздид намояд.

Сайид Муҳаммад Аттабак инчунин бо соҳибкорон ва сармоягузорон мулоқот менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram