Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус илм ва маориф равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хоса таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди иқтидори зеҳнии занону бонувон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки имрӯз занони тоҷик дар бахшҳои гуногуни илм – аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ то илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ – саҳми арзанда гузошта, бо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар пешрафти илми миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас мебозанд. Таъкид шуд, ки ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионии бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки имрӯз нақши занон дар пешрафти илм ва технология яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд мавқеи худро дорад. Занони тоҷик бо дониш, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб дар рушди илм, маориф ва инноватсия саҳми назаррас мегузоранд.
Таъкид гардид, ки таърихи тамаддуни тоҷикон собит месозад, ки зан ҳамеша дар ҷомеа мақоми баланд дошт ва дорад. Дар осори мутафаккирони классик, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ҷойгоҳи дониш ва маърифати занон ба сатҳи воло арзёбӣ гардидааст. Гарчанде дар замонҳои қадим иштироки занон дар фаъолияти расмии илмӣ маҳдуд буд, онҳо ҳамчун омӯзгор, тарбиятгар ва интиқолдиҳандаи фарҳанг саҳми бузург доштанд.
Дар давраи муосир, бахусус дар асри XX, бо рушди низоми маориф имкониятҳои таҳсил барои занон васеъ гардиданд. Ин раванд замина гузошт, ки занон бештар ба фаъолияти касбии илмӣ ворид шаванд.
Қайд гардид, ки конференсияи байналмилалии “Саҳми занон дар рушди илм” аз соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, аз соли 2015 маҳз дар моҳи феврал, ба Рузи ҷаҳонии занон ва духтарон дар илм мувофиқ карда шудааст. Шиори Рузи занон ва духтарон дар илмро Созмони милали муттаҳид чунин муайян карда аст: “Ҷаҳон ниёзманди илм, илм ниёзманди иштироки занон аст.”
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ намуда, доир ба нақши занону бонувон дар таҳкими иқтидори илмии кишвар ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки имрӯз дар кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи занон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм нақши муассир доранд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳавасмандгардонии духтарони лаёқатманд, дастгирии корҳои таҳқиқотии занон ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо ниҳодҳои хориҷӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои занони олим имконияти хуби муаррифии дастовардҳо, мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими илмиро фароҳам меорад. Зикр шуд, ки саҳми занону бонувон дар рушди илми миллӣ сол аз сол афзоиш ёфта, онҳо бо фаъолияти пурсамар дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону бонувони фаъол бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба ҷойгоҳ ва нақши занон дар рушди соҳаҳои гуногуни илм сухан гуфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба пешрафти илмҳои дақиқ, тиб, кишоварзӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва илмҳои гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дастовардҳои мушаххаси занони муҳаққиқ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амалия ва саҳми онҳо дар пешбурди рушди устувори ҷомеа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
