РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд

Аз 19 то 28 март дар мамлакат бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Дар ин рӯзҳо  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони мамлакат ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.

Аз 19 то 26 март дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Дар назар аст, ки дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шаванд.

21 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир мешавад.

Бояд гуфт, ки бо фарорасии фасли баҳор мардуми тоҷик омодагиашонро ба таҷлили ҷашни ниёгон оғоз менамоянд. Дар бештари шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангии мамлакат дар ин рӯзҳо барномаҳои идона пешниҳод мегарданд.

Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат ёфтаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо ба сайру гашт мебароянд.

Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва боиси сарбаландии маънавияш медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат  шодиву фараҳ танинандоз мегардад ва марди деҳқон бо умеди ҳосили фаровон ба замин донаи умед мепошад.

Ёдовар мешавем, ки 19 феврали  соли  2010  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram