РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид

Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева таҳти унвони «Тақвияти ҳамкории ҷаҳонӣ оид ба пиряхҳо: таҷриба ва амалҳои бисёрҷониба» дар Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор намуд. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши аксҳо бахшида ба пиряхҳо доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода аҳамияти таҳкими ҳамкории байналмилалиро ба хотири муқовимат ба обшавии пиряхҳо иброз намуд.

Ҳамчунин Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло, Намояндаи доимии Непал Рам Прасад Субеди ва намояндагони UNESCO ва UNEP суханронӣ карданд. Чорабинӣ ҳамзамон ҳамчун брифинг оид ба Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба об дар шаҳри Душанбе хизмат намуда, аҳамияти онро чун платформаи муҳим барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва иқлим таъкид кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram