РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад

Аз 15 то 18 октябр дар  Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Анҷумани сеюми забоншиносон ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда, дар он иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.

Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро  тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.

Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат мебошад. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram