РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат 54,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи якуми даъват аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш дод.

Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буд. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон ва Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд.

Ҳамзамон бархе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамкориро бо мардум зич ба роҳ мондаанд, сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад.

Маҳз фаъолияти назарраси бисёр комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ равонашаванда зиёд шуда, иҷрои нақша сари вақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram