8 апрел муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреа Бахер мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорат, маориф, тандурустӣ, инчунин густариши ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид.