РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Арзиши адабиёти таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои соҳавӣ, олимону коршиносон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир вобаста ба пешрафти босуръати техника ва технология низоми маориф ва роҳҳои таълим пайваста такмил меёбанд. Дар ин раванд мукаммалгардонии тамоми самтҳои фаъолияти соҳа, аз ҷумла, такмили равандҳои таҳия, озмоиш, таҳрир ва нашри адабиёти таълимӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Зимни баргузории мизи мудаввар ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова доир ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва такмили адабиёти таълимӣ-методӣ суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва методии китобҳои дарсӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи стандартҳои муосир ва густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар қисмати баррасии масъалаҳо иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, таҳияи маводи методии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва такмили механизми экспертиза ва тасдиқи адабиёти таълимӣ фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram