РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СААД Таалатбек Масадиков мулоқот намуд

10 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиков, ки бо сафари корӣ дар кишвар ҳузур дорад, доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот перомуни масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити хатару таҳдидҳои афзоянда табодули афкори судманд сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи СААД, ҳамчунин тақвияти механизмҳои вокуниши дастаҷамъона зоҳир карда шуд.

Дар фарҷом, ҳамраъйии мутақобила ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкориҳои амалӣ миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдор тасдиқ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram