Имрӯз дар саҳни Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии БДА чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони Шӯъбаи БДА ва гурӯҳу бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳайати шахсӣ ва роҳбарияти Раёсат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини сардори Раёсат, полковники милитсия Шокирзода Хайриддин аз номи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Рахмон нозирони роҳро бо иди касбӣ, яъне рӯзи таъсисёбии сохтори Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ табрику таҳният намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои пурмасъулияташон барору комёбиҳо таманно намуд.
Зимнан номбурда аз фаъолияти назарраси кормандони ШБДА дар ВМКБ ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ШБДА дар вилоят дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ВМКБ буд, тартибу низом дар роҳҳои автомобилгарди вилоят ба низоми дуруст дароварда шуда шумораи садаманокӣ коҳиш ёфтааст.
Тавре зикр гардид, айни ҳол бо мақсади пурзӯр намудани назорат аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва ба низоми муайян даровардани истифодаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зиёде андешида, кормандони ШБДА дар ВМКБ дар ин самт фаъолияти назаррасеро аз худ нишон дода истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои фаъолияти хуби хизматӣ ба як зумра кормандони ШБДА дар вилоят аз номи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.