РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» барои соли 2023 муайян ва қадрдонӣ шуданд

Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Бозорасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл мебошад, Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» барои соли 2023 ҷамъбаст гардид. Барои инъикоси фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тариқи расонаҳои иттилоотии электронӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиб дониста шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон натиҷаи озмуни мазкур ва ғолибони онро эълон карданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаву шуъбачаҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат» рӯзноманигор, муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далери Абдулло ҷои аввалро соҳиб шуд.

Ғолиби номинатсияи «Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ — тарғиботӣ дар мавриди технологияи муосири бехатарии нақлиёт ва лоиҳаи «Шаҳри бехатар» Раҷаббек Илёсов дониста шуд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин гузориши телевизонӣ» Абдулло Муҳамадиев ба гирифтани мақоми аввал ноил гардид.

Ҳамзамон дар озмун барои инъикоси пешгирии бехатарӣ дар роҳ байни наврасон ва кӯдакон Асомиддин Шоназаров пирӯз гардид.

Дар номинатсияи «Беҳтарин гузоришҳо оид ба пешгирии бехатарӣ дар роҳҳо» муҳаррири «Имрӯз нюс» Назири Нусрат ғолиб дониста шуд.

Ба ғолибон мукофоти пулӣ ва дипломҳо тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram