Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазъи имрӯзаи мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, ки макони тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб мешавад, шинос шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маҳсуб шуда, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба шумор меравад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.
Масъулони шаҳрдорӣ ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК «Шаҳрофари Душанбе» лоиҳаҳои намунавии «Теппаи Қӯрғон» омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии «Теппаи Қӯрғон» бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки навсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби мамлакат мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки пайдоиши Теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX- ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.