РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА: «АЗ ВАТАНДОРӢ ТО АДАБИЁТДОРӢ»

Аламхон Кӯчарзода, доктори илмҳои филология, профессори ДМТ ва узви вобастаи АМИТ, 4 феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ ноҳияи Шурообод) дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб-интернати деҳаи Саричашма соли 1964 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1969, баъди хатми он, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳхат мегирад ва 28 сол дар кафедраи адабиёти тоҷикии ин Донишгоҳ ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедра фаъолият менамояд.

Соли 1997, баъди ҳимояи рисолаи докторӣ, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор меояд. 26 сол боз дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология фаъолият дорад.

25 китоби илмӣ ва бадеӣ таълиф ва таҳия кардааст. Мақолаҳои чопшудааш ба зиёда аз 500-то мерасад. Ба ордени Дӯстӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва унвонҳои Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мушарраф гашта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

– Устод, Шумо тарбиятдидаи мактаби адабиётшиносии мунаққиди барҷастаи кишвар, маъруф ба Белинскийи тоҷик ҳастед. Чӣ хусусиятҳои неку ибратомӯзе ин мактаб дошт? Чаро устодони дигар пас аз ӯ натавонистанд ба ин пояи баланд бирасанд?

– Устод Соҳиб Табаров дар курсҳои болоӣ ба мо дарс мегуфтанд. Ва на фақат аз адабиётшиносӣ, аз фанҳои дигар низ дониши фаррох доштанд. Озод, бе лексия, суҳбат мекарданд. Дарсҳои он кас бо ҷанбаи амиқи илмӣ, фарҳангӣ ва таълимиву тарбиявӣ барои мо ҷолиб ва омӯзанда буд. Баъдтар, вақте ки банда зери роҳбарии устод Соҳиб Табаров кори дипломӣ ва рисолаи номзадӣ таълиф кардам, ба фаъолияти адабиётшиносӣ, хусусан ноқидии он кас, бештар ва мукаммалтар шинос шудам, дарёфтам, ки дар ҳақиқат устод донишманди фаррохназари энсиклопедист аст ва дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мактаби пурқуввате, назири мактаби илмии мунаққиди бузурги рус В. Г. Белинский (1811 – 1848) таъсис додааст, ки дар натиҷаи истеъдоди фавқулода, хотираи мустаҳкам ва мутолиаи фаровон ба даст даромадааст. Устод Табаров, чи хеле ки дар дафтарҳои “Таассуроти ақлу дил” ёдовар шудааст, Китобхонаи ба номи Фирдавсиро хонаи дуюм ва ҳатто хонаи зиндагии худ мешумурд. Ин китобхона дар ҷавонӣ ҳастии ӯро ботамом фаро гирифта буд. “Китоб ва китобхона дӯстони ҷонии ман мебошанд, маро ягон сол дар китобхонаи олиҷанобе ҳабс карда монанд, ки аз ҳавои он нафас кашам ва аз китобҳо ғизо гирам… Банда худамро бе китобу бе китобхона мурда меҳисобам”, – қайд кардааст устод дар дафтари № 4.

Устод Табаров қобилияти фавқулодаи муайян намудани ҳунару истеъдоди қаламкашонро доро буд ва дар кадом ҷавони эҷодкоре, ки завқу салиқа ва истеъдоди нигорандагиро эҳсос менамуд, ӯро аз қадамҳои аввалин зери назар мегирифт. Ин ҳолатро дар мисоли адибони маъруф Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳиддин Хоҷаев, Юсуфҷон Акобиров, Ғоиб Сафарзода, Гулрухсор, Абдулҳамид Самад… равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Устод Табаров дар мақолаҳои “Парвоз ба сӯи назми олӣ”, “Фикр пурмазмун бошаду баёнот содаву возеҳ”, “Табъи чун шамъи зинда”, “Кашфи асрори мавҷҳо” эҷодиёти шоири ҷавон Муъмин Қаноатро аз аввалин шеърҳои чопшуда ба таҳлил гирифта, дар роҳи эҷодӣ ва рушду нумӯи ҳунари эҷодии ӯ саҳми муносиб мегузорад. Ҳамчунин, дар тақризу мақолаҳояш раванди эҷодии Фазлиддин Муҳаммадиевро аз очерк ва ҳикояҳои аввалинаш сар карда, то қиссаҳои “Шоҳии япон”, “Варта”, романи “Палатаи кунҷакӣ” ба таҳқиқ мегирад ва боиси мунтазам боло рафтани маҳорати эҷодии адиб мегардад.

Яъне, нақди адабии устод Табаров, ки дар асоси дониши фаровон, истеъдоди комил, ҷаҳонбинии васеъ, ҷасорат ва муносибати холисона ба асари бадеӣ фароҳам омадааст, намунаи олии нақди адабии тоҷик буда, усули нақду баррасии мунаққидони рус В. Г. Белинский, Н. А. Чернишевский ва Добролюбовро ба хотир меорад. Беҳуда нест, ки академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва рӯзноманигори варзида Шодӣ Шокирзода устод Табаровро чун Белинскийи тоҷик муаррифӣ кардаанд.

Мактаби адабиётшиносии устод Табаров хеле пурқувват мебошад. Асару мақолаҳои устод, мувофиқи Осорномаи муҳаққиқ, ба 800 мерасанд. Ин мактаб дар симои шогирдонаш – адабиётшиносон Солеҳ Салоҳ, Раҳим Мусулмониён, Бароталӣ Нозимов, Худойназар Асозода, Асадулло Саъдуллоев, Аламхон Кӯчарзода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонзода боз ҳам густариш ва такмил ёфтааст.

Ба қисми дигари саволатон чунин ҷавоб доданро муносиб медонам. Саноӣ барҳақ гуфтааст:

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб

Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.

Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ

Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.

– Шумо ҳамчун омӯзгори мактаби таҳсилоти олии касбӣ, муҳаққиқи соҳаи адабиётшиносӣ, матншиноси маъруф дар хусуси вазъи имрӯзаи матншиносӣ ва ояндаи он чӣ андеша доред?

– Банда 54 сол боз дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар риштаи фанҳои адабиётшиносӣ фаъолият дорам ва ба ҳидояти устод Соҳиб Табаров аз давраи донишҷӯӣ ба таҳқиқи матншиносии адабиёти давраи нави тоҷик пардохтам. Матншиносӣ ё нақди матн то солҳои 50-уми садаи 20 чун соҳаи ёвари илми адабиётшиносӣ дониста мешуд ва вазифааш дар асоси татбиқи матнҳои гуногуни як асар ба вуҷуд овардани матни илмӣ- интиқодии он буд.

Аз солҳои 60-уми садаи 20 матншиносӣ ҳамчун соҳаи асосии илми адабиётшиносӣ дониста шуд ва ба гуфти олими барҷастаи рус Димитрий Сергеевич Лихачев, “матншиносӣ соҳаи ёрирасони вазифааш аз чопи дурусти матн иборат нест, балки илми мустақилест, ки таърихи матни асарро меомӯзад”. Зиёда аз ин муҳаққиқон матншиносиро таҳкурсии дигар соҳаҳои адабиётшиносӣ номидаанд. Ҳоло дар муассисаҳои олии филологии мамлакат матншиносӣ чун фанни алоҳида таълим дода мешавад ва дар ин соҳа китобҳои илмӣ ва дарсӣ таълиф ёфтаанд. Дар ин соҳа хизмати олимони тоҷик чун Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Хуршеда Отахонова, Абдуманнон Насриддинов назаррас аст. Вале матншиносии адабиёти давраи нави тоҷик ҳанӯз ба омӯзиши ҷиддии муҳаққиқон ниёзманд мебошад.

– Мурод аз суоли пешин ин аст, ки осори бузургони соҳа – чун устодони барӯманд Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутиву Мирзо Турсунзода на танҳо ниёз ба таҳқиқи ҷиддӣ доранд, балки мо дар муддати зиёд ҳам натавонистем куллиёти онҳоро ба пуррагӣ, ҷавобгӯ ба талаботи илми матншиносӣ омода созему ба табъ расонем. Инчунин, мо мутахассисонро дар ин соҳа барои музею осорхонаҳои адабӣ надорем. Чӣ тадбирҳои зарурӣ дар ин самт бояд андешида шаванд?

– Матншиносӣ ду вазифа дорад. Вазифаи назарӣ, ки он омӯзиши таърихи матни асари бадеӣ мебошад ва вазифаи амалӣ, ки дар асоси омӯзиши таърихи матн ба чоп ҳозир кардани матни саҳеҳ ё илмии асари бадеӣ. Яъне, аввал омӯзиш ва таҳқиқ ва баъд чопи матн яке аз усулҳои асосии матншиносӣ мебошад. Вале чопи илмии асар бе омӯзиши бойгонии нависанда имкон надорад. Гумон дорам, яке аз сабабҳои ҷиддии ба таъхир афтодани чопи Куллиёти устодоне чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода ба таҳқиқ ҷалб нашудани бойгониҳои онҳо мебошад. Масалан, ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани устод Турсунзода қарор шуда буд, ки Куллиёти шоир дар шаш ҷилд пешкаши хонанда гардад ва ду ҷилди аввал ҳангоми зиндагии муаллиф ба табъ расид. Ҷилди се соли 1979 ва ҷилди чор соли 1985 дастраси хонанда гардиданд. Дар пешгуфтори ҷилди чор омадааст: “Азбаски ҳанӯз архиви шоир кор карда нашудааст ва ҳамаи материалҳои дар матбуоти даврии республика ва берун аз он нашршуда ҷамъ нагардидааст, комиссияи оид ба мероси Мирзо Турсунзода… ба чунин қарор омад, ки ин нашри осори адабӣ ва бадеии Мирзо Турсунзода дар чор ҷилд ба охир расонида, ба чоп ҳозир кардани Куллиёти нисбатан мукаммали ӯро ба нақша гиранд”. Шумо дар мақолаатон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки 2 майи соли 2023 бо номи “Ба мисли гӯшту нохун бо Ватан буд” дастрас гардид, пешниҳоди хубе кардед, ки барои ба вуҷуд овардани Куллиёти устод Турсунзода то ҷашни 120-солагии шоир, яъне дар муддати 7 сол, бойгонии шоир омӯхта шуда, ин кор аз тарафи ИЗА ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба роҳ монда шавад”. Бояд гуфт, ки шуъбаи марбутаи кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аллакай, ба омӯзиши бойгонии устод Турсунзода шуруъ кардаанд ва кор дар мавриди Куллиёти шоир бомаром идома дорад.

Масъалаи дигари хеле муҳим теъдоди нашри ҷилдҳои Куллиёти классикони адабиётамон мебошад. Ҷилдҳои Куллиёти 22-ҷилдаи устод Айнӣ ва Куллиёти 7-ҷилдаи устод Лоҳутӣ ҳар кадом 200 нусхагӣ чоп гардидаанд, ки ин теъдод ниҳоят кам аст. Барои ба теъдоди зиёд чоп карда, ба ҳар китобхонаи мамлакат ба мутахассисону алоқамандон дастрас намудани ҷилдҳои Куллиёти Мирзо Турсунзода, ба андешаи банда, бо дастгирии Ҳукумат масъалаи обунаро ба роҳ мондан лозим мешавад.

– Шумо аз зумраи олимоне ҳастед, ки ба эҷоди шеър низ рағбат доред. То ин замон китобҳои ашъоратон ба табъ расидаанд. Албатта, барои дарки шеъри адибони классик ва муосир, таълими онҳо бисёр муҳим аст. Ҳамин тавр, Шумо соҳиби ду тафаккур: тафаккури илмӣ ва эҷодӣ ҳастед. Оё яке бар дигаре асари бади худро намегузорад? Ё баръакс аст?

– Пешаи асосии банда омӯзгори фанни адабиётшиносӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ва ин пеша тақозо дорад, ки омӯзгор чун мутахассиси соҳаи адабиётшиносӣ низ фаъолият намуда, мақолаҳо ва китобҳо таълиф намояд. Дар мавриди шеърнависӣ бошад, банда ҳаваскорам ва баъзан лозим медонам, ки мушоҳидаҳоямро аз зиндагӣ, аз дастовардҳои халқу муҳаббат ба Ватан дар либоси шеър ба хонанда пешкаш намоям. Масалан, чанд сол пеш мушоҳида мекардам, ки Душанбе сол ба сол ва моҳ ба моҳ ободтару зеботар шуда истодааст. Махсусан, гулзор гардидани боғҳои истироҳатӣ, назди биноҳо, роҳравҳо маро мафтун ва болидахотир мекард. Ва ин ҳолати дилхушкунандаро бо номи “Шаҳри гулҳо” дар қолаби шеър даровардам:

Бас сидқу сафо дар нигаҳи шаҳри Душанбе,

Ноб аст шароби қадаҳи шаҳри Душанбе.

Бо хандаи гулҳои тараш фасли баҳор аст,

Андар назарам тирамаҳи шаҳри Душанбе.

Ин шаҳр ба чашми ҳамабин гунаи боғ аст,

Ройиҳаи мушки Хутанаш хуш ба димоғ аст.

То боз нагирем раҳи чоҳу хусумат,

Шоми сияҳаш чун саҳар аз ҷӯши чароғ аст.

Ин шаҳри пурасрори Аҷам бо ҳама паҳно

Ганҷинаи меҳр аст, дар сина бувад ҷо.

Ширинии обаш ба масал қанди Самарқанд,

Бодаш ба ҳавас мевазад аз сӯйи Бухоро.

Эй дӯст, бишав ошиқи рухсори Душанбе,

Боре магузар зи модари зори Душанбе.

Бо атри Фаронса ҳама дам майл чӣ ҳоҷат?

Фаввора занад атр зи гулзори Душанбе.

Банда андешаҳоямро аксаран дар қолаби рубоӣ ифода менамоям, зеро ин қолаб барои ҳаваскори шеър айни муддаост. Дар мавриди сохтмони аср – НБО «Роғун» бо номи “Замзамаи Роғун” як силсилаи рубоӣ навиштам, ки соли 2018 ба табъ расид. Масалан, дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бинандагони ватанӣ ва хориҷиро ба ваҷд овард. Банда ин воқеаи масарратбахшро чунин ба қалам овардам:

Бархезу биё ба Роғун, эй ҷону ҷигар,

Пайванду вафои одаму об нигар.

Вахше, ки сарафрохта буд, роҳ гирифт,

Аз мақдами Пешво ба маҷрои дигар.

Ва боз фаъолияти ҳамарӯзаи бонувони гулкор бандаро водор кард, ки бахшида ба меҳнати онҳо силсилаи рубоӣ эҷод кунам. Гумон дорам, тафаккури эҷодӣ ба тафаккури илмӣ халал намерасонад, баръакс, барои боз ҳам такмил ёфтани тафаккури илмӣ мусоидат мекунад.

– Ояндаи адабиётшиносӣ ва назму насри тоҷикро чӣ гуна мебинед?

– Ҳанӯз соли 1995 адабиётшиноси варзидаи тоҷик Худоӣ Шарифов дар мақолаи “Озурдагон ва умедворон” вазъи адабиёт, махсусан назми давраи нави тоҷикро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, таъкид карда буд, ки қаҳрамони ормонии адибони давраи истиқлол бояд қаҳрамони миллӣ бошад. Ва замони истиқлол наслҳои калонсоли адабиётшиносони тоҷикро водор намуд, ки адабиёти давраи навро аз нигоҳи мундариҷа, забон, сабку ҳунар ва даврабандӣ таҷдиди назар намуда, роҳи минбаъдаи онро, як андоза, муайян намоянд.

Маълум, ки ҳар як давру замон, аз ҷумла даврони истиқлоли Тоҷикистон, хостаҳо ва ормонҳои худро дорад ва чунонки Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2019 иброз доштанд: “Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ доираи мавзуъҳои адибон бештар ҷанбаи миллӣ касб карда, дар осори онҳо масъалаи ифтихору андешаи миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, муҳаббат ва садоқат ба имрӯз ва фардои Тоҷикистони азиз бештар гардид. Адибони тоҷик ба ин восита сиёсати Ҳукуматро бо суханони созанда дастгирӣ карда, дар тантанаи истиқлолияти миллиамон, ки дастоварди беназир аст, саҳми арзанда гузоштанд”.

Дар замони истиқлол адабиёти тоҷик, хусусан назм, дар баробари пойтахти ҷумҳурӣ, дар марказҳои вилоятҳову шаҳрҳо низ, аз нигоҳи ҳунар ба пешравӣ ноил гардид, ки ин падида моро ба ояндаи неки сухани бадеӣ ва таҳаввули адабиёти бадеӣ хушбин менамояд.

– Пурсиши маъмулӣ. Чӣ таманноҳо барои аҳли эҷоди рӯзнома ва хонандагони сершумораш доред?

– Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, чун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бонуфузтарин нашрияҳои мамлакат ба шумор меравад ва фаъолият дар ин рӯзнома маҳорати баланди тахассусӣ ва масъулияти комили шаҳрвандиро тақозо дорад. Устод Садриддин Айнӣ рӯзномаи миллатро забони миллат гуфтааст. Кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” вазифаи худро, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро ба ҳаёти рӯзмарраи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шинос кардан мебошад, хеле муносиб иҷро мекунанд. Қариб дар ҳама маводе, ки дар “Ҷумҳурият” ба чоп мерасад, эҳсоси ватанхоҳӣ, ваҳдати миллӣ, созандагӣ ба назар мерасад. Дар ин кори басо заҳматталабу масъулиятнок ба ин ҳайати бонуфуз дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ барору комёбиҳо таманно дорам. Бовар дорам, ки ин нашрия дар таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ифтихори миллии хонандагон ҳамвора ҳиссаи муносиб мегузорад.

Бознашр аз «Ҷумҳурият»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram