Китоби тозанашри Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон рӯнамоӣ мегардад. Дар ин бора сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин китоби “Муҳаммад Ғоиб. Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” ном дошта, дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ мешавад.
Гуфта мешавад, Санаи баргузорӣ ин маросим 12-уми июли соли 2023 буда, соати 14:00 оғозмешавад. Вуруди хоҳишмандон озод мебошад.