11 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Кувайшев мулоқот намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои минтақавӣ миёни вилояти Суғд ва вилояти Свердловск баррасӣ шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат таъкид кард, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар доираи он ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар вилояти Суғд саноати куҳӣ-металлургӣ ва саноати сабук рушд ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо барои коркард ва истеҳсоли маъдан, пахта, меваю сабзавот, доруворӣ, техникаи маишӣ фаровон буда, соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд, ки бо сармоягузорони рус ҳамкориро густариш бахшанд.
Евгений Куйвашев робитаҳои иқтисодиро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои русзабон изҳор намуд.