РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Достони нозкӯл»-и муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён чоп шуд

Бо чунин ном китоби нави  муаррих ва фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён чоп шуд.

Китоб аз таърихи сарзамини Хатлон, ки дар тақдири миллати тоҷик нақши бориз дорад, бо далелу ҳовандҳо маълумот медиҳад.

Бештари мавод хосияти таҳлилӣ ва таҳқиқӣ дошта, аз гузаштаи минтақае пешниҳод шудааст, ки ба хонандаи оддӣ дастрас набуд. Дар навишта аз ёдгори асри биринҷӣ Ғелот ва дастовардҳои бостоншиносӣ, шаҳбонуи Ғелот, Нозкӯли таърихӣ, Ҳулбук — марвориди асри миёна, заминаҳои пайдоиши шеъри тоҷикӣ, муборизаи фарзандони сарсупурдаи миллат бар зидди истилогарони арабу муғулу турк, аспони шуҳратманди хатлӣ ва анъанаву русуми мардум ҳикоёти хеле дилчаспу хонданӣ фаровонанд.

Китоб барои доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram