Дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки директори Агентӣ, муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло озмоишгоҳи санҷиши воситаҳои ченаки гармоӣ — техникӣ ва озмоишгоҳи санҷиши воситаҳои ченаки механикӣ — геометрӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора аз Агентии Тоҷикстандарт хабар доданд.
Хотирнишон бояд сохт, ки ин ҳама бо дастгирӣ ва мусоидати роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт хусусан директори Агентӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, ҳамчун озмоишгоҳи наву замонавӣ ба фаъолият пардохтааст.
Дар кори таъмиру азнавсозӣ кормандони Раёсати таъминоти метрологии Агентии Тоҷикстандарт саҳми калон доранд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар солҳои охир дар дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт ва марказҳои минтақавию вилоятии он озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву техналогияҳои нав ба фаъолият шуруъ намудаанд. Озмоишгоҳҳои наву замонавӣ барои ҳарчи бештар аз санҷиш гузаронидани молу маҳсулот ва нишон додани сифату бехатарии он мусоидат менамояд.