Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъйин талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз шуданд.
Сардори давлат таъкид карданд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.
Ҳамчунин дар ҳайати фармондеҳии якчанд ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал дароварда шуд.
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъйингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморида, мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.
“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”,- таъкид доштанд Сарвари давлат.
Кадрҳои дар ин соҳаҳо таъйиншуда аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ, ки зимни адои хизмат аз худ маҳорати касбӣ ва матонату садоқат нишон додаанд, интихоб гардиданд.
“Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти бардӯшдошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”,- таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ намуданд.