РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе ба хотири таъмини амнияти экологӣ аз фаъолияти минбаъда то охири соли 2023 боздошта мешавад

Масъалаи ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф, аз партовҳои ифлоскунанда тоза нигоҳ доштани фазо, пешгирии харобшавии табиат ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти муҳим дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур, ки соли 1940 сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст.

Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад.

Ҳамаи ин тадбирҳо бо мақсади софу мусаффо нигоҳ доштани фазои экологии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе равона шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram