11 августи соли 2023 дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, ҳайати ҳакамон, аҳли фарҳангу ҳунари кишвар баргузор гардид.
Ҳунармандони соҳибистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ бо пешниҳоди ҳунару маҳорати баланди касбӣ, расму оинҳои миллӣ, кашидадӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, санъати рассомӣ, суруду таронаҳои мардумӣ баҳои баланди меҳмонон, аъзои ҳакамону тамошобинони фестивалро сазовор гардиданд.