Имрӯз, 12 августи соли равон дар маркази маъмурию фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест — 2023” доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар кори он зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои як қатор кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираи васеи сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Кори Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба рушди иқтисодиёти минтақа сухан кард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки дар раванди баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест — 2022” зиёда аз 28 шартнома ва тафоҳумномаҳо дар соҳаҳои гуногун байни сохторҳои давлатӣ, созмону ширкатҳо ва шарикони рушд, дар доираи наздик ба як миллиард сомонӣ баста шуд, ки чунин натиҷа дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бесобиқа мебошад. Сатҳи татбиқи ин иқдомҳо баланд буда, онҳо бобати фароҳам овардани шароити наву созгор ва мустаҳкам намудани таҳкурсии корҳои созандагию бунёдкорӣ мусоидат менамоянд.
Раиси вилоят қайд кард, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус, дар самти ҳамкории хориҷӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ, дар заминаи принсипи сиёсати дарҳои кушода, шароити мусоид фароҳам гардид, ки лоиҳаҳои муштараки бузург амалӣ гарданд.
Гуфта шуд, ки аз 28 созишномаи ба имзо расида дар соли 2022, 12 адад ба маблағи 210,0 млн сомонӣ анҷом пазируфта, дар 14 лоиҳа, ба маблағи 739,4 млн сомонӣ корҳо дар ҷараён буда, оғози роҳандозии 2 созишнома, ба маблағи 8,6 млн сомонӣ, соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар доираи чор стратегияи давлатӣ, айни ҳол дар ҳудуди ВМКБ лоиҳаҳои бузурги азнавссозии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма, дар масофаи 92 киллометр, аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади маъмурии ноҳия Рӯшон, ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ идома дошта, бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, ба маблағи зиёда аз 630 млн сомонӣ ва НБ офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 15 млн. сомонӣ вусъати нав касб менамояд. Дар соҳаи саноат бошад, дар асоси эълон намудани солҳои 2022-2026 – “Солҳои рушди саноат” бунёд ва таъсиси 92 корхона ба нақша гирифта шуда, танҳо соли равон 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1000 иншоот бунёд карда мешаванд. Соли равон мутобиқи нақша ва берун аз он зиёда 400 иншооти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо баромади ифтитоҳӣ, ҳамчунин Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Вольвач Дмитрий Валерьевич, сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Миккалер, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирхан ва сармоягузорону соҳибкорон баромад намуданд.
Сипас, вобаста ба масъалаҳои зикргардида миёни иштирокдорони Форум табодули афкор сурат гирифт, ки дар ҷараёни он соҳибкорону сармоягузорон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилоят, татбиқи лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мубодилаи назар намуданд.
Кори Форуми давоми дар се панел – “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 –“Солҳои рушди саноат” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” идома дорад.