РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҳар як сокини бонангу номуси ин диёр дар ҷодаи ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон, таҳкими иқтидори давлати миллиамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини кишварамон саъю талош менамояд.

Натиҷаи азму талошҳои ободгарона аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида буд.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои 24 — 27-уми июни соли ҷорӣ бар асари фаромадани сел чандин хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Миденведи ноҳия, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 10 хонаводаи деҳаи номбурда дар як муддати кӯтоҳ хонаҳои истиқоматии нав бунёд гардида, илова бар ин, майдончаи варзиш ва роҳҳои чароғоншудаи маҳаллӣ сохта шуд, ки мо имрӯз дар маросими ба истифода супоридани онҳо иштирок намудем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 436 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи ноҳия 392 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи се лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 730 миллион сомонӣ идома доранд.

Ҳамчунин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 — 2025 татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб то ба имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дар иншооти сохташаванда, истифодаи самараноки онҳо, тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини ноҳия супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ҳамчунин, бунёди сардхонаву гармхонаҳои муосир тадбирҳои судманд андешанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 12 бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо тайи солҳои охир муассисаҳои тиббии ноҳия бо 55 номгӯи таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ ва 41 номгӯи маводи доруворӣ ба маблағи умумии 6,3 миллион сомонӣ таъмин шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуд, ки ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корро дар самти боз ҳам беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ вусъат бахшанд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати худ барои рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори меҳнат Олимбек Азизмамадов ва хонанда Зулфияи Сайёд баромад намуда, аз пешравиҳои амиқи кишвар дар бахшҳои пешбарандаи ҷомеа ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram