РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанг ба ёдгории шаҳристони Тахти Сангин пресс-тур ташкил мекунад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, ки рўзҳои наздик бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  бо ҷалби коршиносону мутахассисон ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ба  ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ пресс-тур ташкил намояд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулин,  оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  озмун гузаронида шуда,   албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихию фарҳангӣ  чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд  ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.

Бояд тазаккур дод, ки  соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram