РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Гимназияи хусусии “Қалам”-ро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур 4-ошёна буда, аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор инвест” ҷавобгу ба меъёрҳои меъморӣ бунёд карда шуд. 

Гимназия барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб шудааст.

 Боргоҳи илму маърифат аз 6 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон иборат мебошад.

Китобхонаи гимназия дорои 20 ҷойи нишаст, 2 ҳазор нусха китоби бадеӣ ва 1 ҳазору 500 нусха китоби фаннӣ аст, ки хонандагон дар вақтҳои муайян аз он самаранок истифода менамоянд. 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Гимназияи хусусии “Қалам” ҳамзамон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 — 2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.

Бо ин мақсад 2 озмоишгоҳи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои назариявии химия ва физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёниятҳои хониш бунёд ёфтааст. Бо истифода аз чунин имконот хонандагон таҷрибаҳои гуногуни химиявӣ гузаронида, дониши худро сайқал медиҳанд.

Синфхонаҳои технологияи иттилоотии бо компютерҳои замонавию хати баландсуръати интернет муҷаҳҳаз, баҳри омӯзиши нозукиҳои ин соҳа мусоидат менамояд.

Баҳри дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани раванди таълиму тарбия 40 омӯзгор дар асоси озмун ба кор ҷалб гардида, барои кору фаъолияти онҳо 4 ҳуҷраи алоҳидаи корӣ муҳайё мебошад.    

Толори маҷлисии зебову замонавии гимназия беш аз 130 ҷойи нишаст дошта, ошхонаи он имконият дорад, ки дар як вақт ба зиёда аз 60 нафар омӯзгору хонанда хизмат намояд. 

Бо дарназардошти талабот ва меъёрҳои ҷорӣ, дар ошёнаи якуми муассиса толори барҳавои варзишӣ бунёд гардида, дар он имконияти зарурӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои волейболу баскетбол шароити мусоид фароҳам аст.

Ҳамзамон дар ошёнаи чоруми муассиса майдончаи варзишии болокушода барои бозии футболи хурд сохта шудааст, ки 60 ҷойи нишаст дорад. 

Муассиса ҳамчунин дорои дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани маҳфилҳо, бойгонӣ ва ҳуҷраи тиббӣ мебошад, ки талаботи замон аст.

Лозим ба таъкид аст, ки иншооти нави соҳаи маориф бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, таълиму тарбия дар он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин муассисаи нави соҳаи маориф ба масъулин ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани хонандагон, омӯзиши илмҳои замони муосир ва баланд бардоштани малакаи забондонии ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.  

Ҳайати омӯзгорон бошанд, муассисаи навро дар арафаи соли нави хониши 2023 — 2024 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо масъулияти зиёд фаъолият менамоянд.

facebook
twitter
Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram